< Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад

Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад
Президенти Русия Владимир Путин аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул мекунад, хабар медиҳад маркази матбуоти Кремл.

Гуфта мешавад, ки бар пояи анъана ин маросим дар толори александрии Қасри Калони Кремл баргузор мешавад.

Дар маҷмӯъ, сафирони фавқулода ва мухтори 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, эътимодномаи худро ба раҳбари Русия месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки 2 августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сафири нави кишвар дар Русияро таъйин кард.

Бар асоси ин фармон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин мақом Имомуддин Сатторовро, ки 7 сол дар Русия кор мекард, иваз кард.

Ин дуввумин маросими супоридани эътимоднома дар соли 2021 аст, ки аввалинаш рӯзи 18 май баргузор шуд ва дар он сафирони 23 кишвар ширкат доштанд.

Чунин маросим одатан дар як сол якчанд маротиба сурат мегирад. Эътимоднома ҳуҷҷатест, ки бо ёрии он намояндаи дипломатӣ аккредитатсия шудааст.

Намояндаи дипломатӣ эътимодномаи худро аввал ба сарвари давлат месупорад ва нусхаи тасдиқшудаи он қаблан ба роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ супорида мешавад.

Тибқи анъана, президент эътимодномаро қабул мекунад ва дар бораи мушкилоти мубрами байналмилалӣ суханронӣ мекунад, инчунин муносибатҳои Русияро бо давлатҳое, ки сафирони онҳо ба ӯ эътимоднома месупоранд, баррасӣ мекунад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий