< Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт

Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ишқобод баргузор шуда, баробари равобити дуҷониба, инчунин масоили минтақавию ҷаҳонӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.

Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатманд мебошад.

Роҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

"Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин зимни мулоқот пешниҳод гардидаст, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад ва Алиев ин даъватро пазируфтаст.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий