ШОК! АВБОШИИ ДОНИШҶӮДУХТАР
09.09.2109 сол шаҳрванд Тоқулов Қадриддин Назиршоевич 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, деҳ.Техов, донишҷӯӣ соли 4-уми донишгоҳи Технологии ҶТ ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 09.09.2019 сол тахминан соати 11:30 дақиқа дар назди хобгоҳи №48, воқеъ дар кӯч. Борбад шаҳрванд Давлатова Муниса Лоиқовна 1999 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, деҳ. Техов, донишҷӯӣ соли 2-юми донишгоҳи Технологии ҶТ, аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба дар қисмати шикамаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Тоқулов К.Н, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ гардидааст. 09.09.2109 сол шаҳрванд Тошев Шералӣ Давлатхудоевич 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Испечак-2 М-26 х.3, ҳ.5 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 08.09.2019 сол тахминан соати 22:30 дақиқа дар кӯч. Қазоқон шаҳрванд Муъминов Фаридун Фарҳодович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Қазоқон х.192 ва Искандар ном шахс аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташон буда, 1-маротиба дар қисмати рости шикамаш задаанд. Дар натиҷа шаҳрванд Тошев Ш.Д, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ММТ ҶТ бистарӣ гардидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)