
09.09.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳмуддини Саймуддин 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Қалъаи-Сурх, деҳ. Шербегиён, соли 2008 бо мақсади гирифтани таълимоти динни ғайрирасмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, рафта, дар он ҷо дар мадрасаи ш.Зоҳидон, таҳсил намуда ҳангоми таълимоти динни гирифтанаш ба ташкилоти террористи “Ҷамоати Ансуролоҳ” шинос шуда, ғоя ва ақидаҳои ташкилоти мазкурро қабул ва ҷонибдори намудааст. Сипас, шаҳрванд Раҳмуддини С. соли 2009 бо мақсади амалӣ намудани нияти худ дар амалётҳои ҷангӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, ба ташкилоти мазкур шомил шуда, то ҳол дар сафи аъзоёни чунин ташкилотҳо иштирок карда истодааст. Нисбати шаҳрванд Раҳмуддини С. бо моддаи 187 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи покуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)