СӮХТОР
04.09.2019 тахминан соати 15.30-дақиқа дар таҳхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ганҷалов Мирзошариф Ҳусейнович 1961 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Хуҷандӣ, гузаргоҳи 3 х.1 дар масоҳати 20-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 2800-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 04.09.2019 тахминан соати 16.45-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ҳоҷибоев Равшан Абдусаломович 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи 17-ум х.б/р дар масоҳати 20-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6.600-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани оташи оташдон мебошад.
Комментарии (0)