
04.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Икромова Эркиной Отаевна 1970 с/т, истиқоматкунандаи н.Ҷ.Расулов, ч/д Сомониён, деҳ. Ӯзбекқишлок, миллаташ ӯзбек, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 02.09.2019 сол тахминан соати 12:00 дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш шаҳрвандон Қодиров Ғиёсҷон Хусандович 1992 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Спитамен, ш-ки Навкат, кӯч. Дружба ва Алиева Бишарофат Дадоҷоновна 1982 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи н. Ҷ.Расулов, ч/д Сомониён, деҳ. Узбекқишлок, кӯч. Ибодуллоев х.11-ро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати шаҳрванд Икромова Э.О. парвандаи ҷиноятӣ бо мод.239 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)