СӮХТОР
03.09.2019 тахминан соати 01.05-дақиқа дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Шодиев Абдумаҷид Сафарович 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Усмон, кӯч. Ш.Қурбонов х.67, дар масоҳати 20-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6400-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 03.09.2019 тахминан соати 17.30-дақиқа дар ҳезумхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Ибодулло Абдуллоевич 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Гулпарвар, дар масоҳати 50-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 20000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад.
Комментарии (0)