
03.09.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абилов Ҷӯрабек Юлдошевич 1997 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Т.Сангин, деҳ. С.Айнӣ, ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаҳои интернетии “Ютуб”, “Однокласники” ва “Телеграмм” баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гуш карда ва маълумот пайдо намуда, онро қабул карда, баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровард, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошад ва минбаъд ба шаклу усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намудааст. Сипас шаҳрванд Абилов Ҷ.Ю. моҳи марти соли 2017 то моҳи декабри соли 2018 баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи ҷ/д Т.Сангин, деҳ. С.Айнӣ ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои ““Шайх Абдулло Бухорӣ” “Абдулло Зуфар”, “Абу Салоҳ”, “Содиқи Самарқанд” ва “Муҳаммад Ҳаблос”-ро мавриди мутолиа қарор доданд. Айни ҳол шаҳрванд Абилов Ҷ.Ю. дар Ф.Россия қарор дорад. Нисбати шаҳрванд Абилов Ҷ.Ю. аз тарафи ШТ РКДАМ ҶТ дар вил. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ-2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)