< КРЕДИТРО ГИРИФТУ ФИРОР КАРД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КРЕДИТРО ГИРИФТУ ФИРОР КАРД

КРЕДИТРО ГИРИФТУ ФИРОР КАРД
01.09.2019 дар натичаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ, муайян карда шудааст, ки шаҳранд Мусоева Шарқниссо Ҷалиловна 1972 с/т, миллаташ точик, бекор, истиқоматкунандаи н. Б. Гафуров, ҷ/д Хистеварз, кӯч. С. Айнӣ   х.48, санаи  21.10.2014 сол аз филиали  ҶСК «Амонатбонк»-и ш. Хуҷанд, дар асоси шартнома, барои тиҷорат кардан ба  маблағи 5000 доллари ИМА-ро ҳамчун кредит ба муҳлати 18 моҳ гирифта, онро ғайримақсаднок ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Номбурда, аз санаи 24.11.2014 сол то 02.08.2019 сол ба хазинаи бонк маблағ ворид накарда, ба ФР фирор намудааст. Дар натича шаҳранд Мусоева Ш.Ҷ. ба бонки мазкур ба маблағи 12 152,33 доллари ИМА зарари модди расонидааст. Нисбати шаҳранд Мусоев Ш.Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ бо мод. 246 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Барои муайян ва дастгир намудани шаҳранд Мусоев Ш. Ҷ. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий