ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН АЗ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ
01.09.2019 шаҳранд Маҳмадёров Муҳаммад Худоёрович 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Ҳисорак х.59 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.2019 сол тахминан соати 17-30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Хонор-9», ки арзишаш 2200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳранд Олимов Ҷаҳонгир Қурбоналиевич 1988 с/т истиқоматкунандаи кӯч. Ҳисорак х.5 дастгир карда шуд. 01.09.2019 шаҳранд Ибодуллои Аъзам 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳ. Конститутсия ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки моҳи июли соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефонии мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 2000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳранд Таваров Дилшод Шарифович 1993 с/т истиқоматкунандаи н.Балҷувон, деҳ. Файзобод дастгир карда шуд.
Комментарии (0)