< ҶУДОАНДОЗӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶУДОАНДОЗӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

ҶУДОАНДОЗӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар  зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, таҳдид ба зиндагии осоишта ва сулҳу суботи инсоният, имрўз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҳангоме, ки кас тариқи расонаҳои хабарӣ гурезагони давлатҳои Шарқро мебинад, ки дар даст кўдакони хурдсол бо чӣ қадар машаққату азиятҳо, дар ҳоли маъюсӣ ва ноумедиҳо аз тарси маргу куштор сарҳадҳои давлатҳои дигарро убур менамоянд, дилаш реш мешавад. Охир онҳо низ соҳиби давлату хонаву дар буданд. Кўдакони онҳо низ орзуи хушҳоливу донишандузиро доштанд. 

Имрўз ҷонибҳои манфиатдор барои ноустувор намудани муттаҳидии халқи тоҷик тавассути сомонаҳои интернетӣ ба паҳн намудани ақидаҳои дорои характери маҳалгароӣ дошта машғул мебошанд. Ҷудосозӣ, бародарро бо бародар муқобил сохтан ва инчунин бегона номидани тоҷик аз ҷониби тоҷик яке аз сабабҳои асосии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ буд. 

Ҷомеаи имрўзаи моро зарур аст, ки баҳри халадор сохтани амалишавии мақсадҳои душманони миллати тоҷик дар байни сокинон, махсусан насли наврас ҳиссиёти ватандўстӣ, миллатпарастӣ ва иттифоқхоҳиро пурзўр намоянд. Зеро хонаи ҳамаи мо Тоҷикистон аст ва дар ёд дошта бошед, ки дар ҳеҷ куҷо моро интизор набуданд ва нестанд.

      Мазабшоев Атам
Сокини ш.Хорог 

Комментарии (0)

Оставить комментарий