< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
29.08.2019 тахминан соати 16-00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Астра», р/д 67-95 АТ-03, шаҳрванд Раҳмонов Эмомалӣ Мирзоалиевич 1993 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳулбук, кӯч.Н.Хисрав, х.7/12, ҳангоми ҳаракат кардан дар кӯч И.Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада велосипедрон, Тошмадов Зоир Алимадович 1960 с\т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳулбук, кӯч. Лоҳутӣ, х.8-ро, пахш кардааст. Дар натиҷа велосипедрон, Тошмадов З.А. ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад. 

29.08.2019 тахминан соати 13-00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Ваз-21214», р/д ТЧ 08-98 КМ/02, шаҳрванд Саидраҳмати Норзода 1992 с/т, миллаташ точик, истиқоматкунандаи ҷ/д И.Тоҷик, деҳ. Оббурдон ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳ. Даштӣ аз ухдаи идораи воситаи накилиёт набаромада ҳангоми гардиш автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда, Саидраҳмати Н. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳолокат расида, мусофири а/м мазкур хурдсол, Суфиев Муҳаммадҷон Абдуфатоевич 2018 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д И.Тоҷик, деҳ. Оббурдон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий