
29.08.2019 шаҳрванд Тоирзода Манижаи Бобишо 1997 с/т, истиқоматкунандаи кӯч Лучоб х.7 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 27.08.2019 сол ҳангоми дар маҳ 82-юм назди гардиши хатсайри-15 қарор доштанаш, Нодир ном шахс ӯро маҷбуран ба автомашинаи мусофиркашонӣ савор намуда, ба маҳаллаи Лучоб бурда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси А-30», ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, гирифта ба замин зада корношоям гардонидааст. Барои муайян ва дастгир намудани Нодир ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)