САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
28.08.2019 тахминан соатҳои 03 ба 04.00-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д 04-18 ВЕ/03 шаҳванд Мустафоев Ҳабибулло Исматуллоевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Киров, деҳ. Ҳосилобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Бохтар ба самти н.Данғара дар ҳудуди н.Кушониён ҷ/ш Бӯстонқалъа дар 26-км-50-метр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, а/м-ро ба чуқурии 58-метр чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири дохили а/м шаҳванд Мустафоев Зокиршо Исматуллоевич 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 28.08.2019 сол тахминан соати 14:30 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Зафира», р/д ТҶ 68-27 ВМ/02 шаҳванд Маҳкамов Диёр Давлатович 1994 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Пӯлотон, кӯч. Равотӣ х.154, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Равот», дар 8,2 км, ҳудуди ҷ/д Равоти ш. Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ, Розиқов Аҳрор Икромович 2003 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.124, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №42-ро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ, Розиқов А.И. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
27.08.2019 сол тахминан соати 23:30 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «ВАЗ-2106», р/д ТҶ 58-53 КО/02 шаҳванд Ахмедҷонов Ҷӯрабек Боирҷонович 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш-кӣ Меҳробод, кӯч. Сино х.46, ҳангоми ҳаракат дар шаҳраки мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, а/м-ро ба қафои а/м тамғаи «ZHONGHUA-S6», р/д ТҶ 00-79 ВД/02, ки таҳти идораи ронанда, Зокиров Нозимҷон Ҳамидуллоевич 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ш-кӣ Меҳробод, кӯч. С.Боҳиров х.82, мутахассиси пешбари нозироти андоз дар н. Спитамен, қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи а/м тамғаи «ВАЗ-2106», Ахмедҷонов Ҷ. Б. ва мусофири дар дохили а/м буда, шаҳванд Болтаев Нозим Набиҷонович 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш-кӣ Меҳробод, кӯч. Сино х.47, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Оиди ин ҳодиса санҷиш идома дорад.
28.08.2019 сол тахминан соати 12:20 дақиқа ронандаи дучарха (мототсикл) бе р/д ва тамғаи номаълум, шаҳванд Ғуломов Бахтиёр Ҷӯраалиевич 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Сурх, деҳ. Фирдавсӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Ёвон ба самти н.А.Ҷомӣ дар ҳудуди н.Ёвон, ҷ/д С.Сурх наздикии деҳаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми роҳи мошингард баромада дар бетони қисмати роҳ буда бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи дучарха Ғуломов Б.Ҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)