< БОЗДОШТИ МАҲСУЛОТИ ТАМҒАНОШУДА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БОЗДОШТИ МАҲСУЛОТИ ТАМҒАНОШУДА

БОЗДОШТИ МАҲСУЛОТИ ТАМҒАНОШУДА
28.08.2019 сол, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳванд Рустамов Абубакр Тоҷиддинович 1989 с/т, миллаташ тоҷик,бекор, истиқоматкунандаи ш.Левакант, ҷ/д Гулистон, деҳ. Ботуробод, бо маслиҳати пешакӣ бо ш-дон; Шерзоди Фарҳод 1998 с/т, истиқоматкунандаи н.Қушониён, ҷ/д Қаҳрамон ва Назаров Сунатулло Мирзовалиевич 1997 с/т, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/д Киров, деҳ. Шаршар, моҳи марти соли 2019 ба миқдори 8500-қуттӣ тамокуи навъӣ “ЭССЕ ЧЕНҶ”, ки тариқи қочоқ ба қаламравӣ ҶТ ворид карда шуда, тамғаҳои аксизи надоштанд, гирифта бо мақсади дар оянда фурухтан онро дар манзили истиқоматиаш нигоҳ доштааст. Номбурдагон, санаи 03.04.2019 сол 8500-қутти тамокуҳои навъи “ЧЕНҶ”-ро дар ҳудуди бозори “Фаровон”-и ш. Бохтар ба харидори шартӣ ба маблағи умумии 86700-сомонӣ фурӯхтаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати шаҳвандон, Рустамов А.Т. ва Шерзоди Ф, Назаров С.М. аз тарафи прок.генерали ҶТ бо моддаи 259 иловаи 1 қ-2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий