< ДУЗДОН ИН ДАФЪА 68 САР ЧОРВОРО БУРДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДОН ИН ДАФЪА 68 САР ЧОРВОРО БУРДАНД

ДУЗДОН ИН ДАФЪА 68 САР ЧОРВОРО БУРДАНД
28.08.2019 шаҳванд Рафиева Сафармо Абдуллоевна 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Тоҷикобод, деҳ. Пролетар ба ШВКД ноҳияи Вахш мкуроҷиат намуд, ки шаби 21 ба 22.08.2019 сол тахминан соати 04.00 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматиаш даромада, аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 7000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

27.08.2019 шаҳванд Бобоназаров Бекмурод Эшмуродович 1975 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Л.Кармишев, деҳ. Бачамазор ба ШВКД ноҳияи Темурмалик муроҷиат намуд, ки шаби 20.08.2019 сол тахминан соати 22.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи мавзеи назди деҳаашон 68-сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 54400-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

27.08.2019 сол шаҳванд Мирзоева Боғигул Таваровна 1955 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ваҳдат, деҳ. Вахш ба ШВКД ш.Левакант муроҷиат намуд, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2018 тахминан соатҳои 12:15 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаи Вахш 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

28.08.2019 сол шаҳрванд Абдуллоев Норбой Зиётович 1961 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Хусрав, деҳ. Аҳча ба ШВКД ноҳияи Қубодиён муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои х/д назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 8000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳванд Зардаков Субҳониддин Тавакалович 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Хусрав, деҳ. Аҳча, содир намудааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. 

28.08.2019 шаҳванд Алиева Дилбар Бегиниссоевна 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/д Тоҷикобод, деҳ. Пролетар ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки санаи 08 ба 09.08.2019 сол тахминан соати 02.00 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳванд Алиев Ҳамза Иссоевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий