Табибон вазъи духтари 13 сола, ки дар Бӯстон зери қатора монд,вазнин арзёбӣ мекунанд

Пизишкони бемористони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, вазъи саломатии духтари зери қатора мондаро вазнин арзёбӣ мекунанд
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд духтари 13 - сола зери қатора мондаст, хабар медиҳад сомонаи Suqdnews.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар қисмати марказии шаҳр ба вуқӯъ омадаст. Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи қатораро убур кунад, вале ин замон зери қатора дармонд.
Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин ду[тарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ қатораро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.
Духтари 13 - соларо фавран ба бемористони шаҳри Бӯстон ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Пизишкон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, феълан додситонии шаҳри Бӯстон ҳодисаи мазкурро мавриди тафтиш қарор додааст.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе ҷавони 18 сола зери қатора монд ва дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дод.
Комментарии (0)