
27.08.2019 шаҳрванд Боронов Улмас Музафарович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. М.Мастонгулов х.30/1, ҳ.22 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.2019 сол тахминан соати 22.00-дақиқа дар кӯч.Н.Махсум назди тарабхонаи «Шаҳриёр» шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1000-сомонӣ ва 2-адад шаҳодатномаи корманди ғайриштатии милитсияро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зайдуллоев Одинахуҷа Муҳриддинович 1989 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.285/1, ҳ.17, пеш бо моддаҳои 244 қ-3 ва 247 қ-4 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)