< ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА

ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА
Раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилотро ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе дастовардҳои ҷадиди илмиву техники инсоният имрӯзҳо ба таҳдиду хатар барои субботу амнияти худи инсонҳо ва ҷомеаи онҳо табдил ёфта истодаанд.

Ҷиноятҳои киберӣ яке аз падидаҳои нави замони муосир ба шуморрафта, таҳдиди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як кишвар ба назар мерасад. Асосан зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Қаллобии молиявӣ, ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи (дуздидан) маълумоти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти ғайриқонунӣ ва бардурӯғ, кибертерроризм ва ғайра ба сифати ҷиноятҳои киберӣ фаҳмида мешаванд, ки мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро дар пай доранд.

Дар замони муосир ягон кишваре, созмоне ва махсусан истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор монда наметавонанд. Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе кишварҳо 4/10 истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин, раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии кишвари худ диққати махсусдода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои нави ҷиноятҳои киберӣ, кишварҳои пешрафта стратегияи махсус оид ба амнияти кибериро амалӣ менамоянд, ки аз хавфи он ҳимояшаванд. Аз ҳама кишвари пешсаф Малайзия мебошад, ки 74% метавонад худро аз ҷиноятҳои киберӣ ҳифзнамояд. Инчунин, Япония- 72%, Индонезия - 70%, ИМА - 60%, Русия -60%, Фаронса - 51%, Олмон - 45% метавонанд худро аз ҷиноятҳои киберӣ муҳофизат намоянд. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки ягон давлате наметавонад ба пуррагӣ, яъне 100% худ ҳимоя намояд.

Яке аз навъҳои ҷиноятҳои киберӣ – кибертерроризм мебошад, ки хавфу хатари он хосияти фаромиллӣ дошта, ба кули ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба кишварҳо дар алоҳидагӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳадафи кибертерроризм низ чун терроризми анъанавӣ таҳдид ба инсоният ва нооромкардани субботу амният мебошад.

Фарқияти кибертеррористҳо аз террористҳои дигар дар он аст, ки кибертеррористҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба воситаи интернет ба ҳадафҳои худ ноил мегарданд. Аз ин рӯ, бораванди рушди технологияи комуникатсионӣ хатарҳои кибертерроризм низ зиёд шудан мегирад.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода карда, садҳо сомонаҳои расмиро таъсис додаанд, ки бо даҳҳо ҳазор маводу маълумоти хусусияти ифротию террористи дошта дар пайи гумроҳ сохтани афродиноогоҳ ва ҷалби аъзоёни нав фаъолият менамояд. Онҳо ақидаҳои ифротию зиддиинсонии хешро бо мақсади барангехтани тарсуваҳм миёни мардум паҳн мекунанд. Ба намоиш гузоштани аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар он куштори ваҳшиёнаи одамон, зинда ба зиндасӯзондани одамон дида мешавад, мисоли рӯшанест, ки таъсири ниҳоят манфии равонӣ ба аҳолии осоишта мерасонад.

Инчунин, тавассути Интернет барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар миёни аҳолии ин ё он кишвар ҳадафи асосии кибертеррористон ба шумор меравад. Маҳз тарғибу ташвиқот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзоёни навро аз ҳисобиодамониноогоҳ ба гурӯҳҳоитеррористии худ ҷалб намоянд. Шуморае аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки ба ҳаракату гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайвастаанд, тибқи таҳлилу тадқиқот аксари онҳо тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиребафтидаанд.

Дар мавриди таҳдиду хатарҳои кибертерроризм набояд фаромӯш кард, ки аз имконият ва зарфиятҳои технологияҳои инкишофёфта, на танҳо ташкилотҳои террористӣ бар зиддиинсонҳо, балки давлатҳои абарқудрат низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои геополитикӣ бар муқобили кишварҳои дигар низ аз онҳо истифода мекунанд. Воридшудан ба системаи компютерии объекти стратегии як кишвар, паҳн кардани вирусҳо, гӯшкардани суҳбати телефонии сарони давлатҳо, вайрон кардани барномаҳои муҳими вазоратҳову корхонаҳои як кишвар тавассути системаи компютерӣ, аз ҷумлаи киберҷиноятҳое мебошанд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси як давлат дар муносибат ба давлати дигар амалӣ карда мешаванд.

Бинобар ин, давлатҳо бояд ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, то тавассути он тавонанд истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллии худро таъмин намоянд.

Таҷриба нишондодааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии кибертеррористон ба даст овардани маълумоти махфӣ ва хусусияти стратеги доштаи мақомоти давлатӣмебошад. Моҳи майи соли 2017 вируси харобикунандебономи “WannaCry” ба системаи компютерӣ дар саросариҷаҳон паҳн карда шуд, ки дар натиҷаи он 500 ҳазор компютер бо системаи “Windows” дар 150 кишвари дунё зарардида, аз кормонданд. Инчунин, охирҳои моҳи декабри соли 2018 хакерҳои номаълум санадҳои ҳизбҳо ва маълумоти шахсии садҳосиёсатмадорони Олмонро рахна карда, дар Интернет паҳн намуданд, ки асосан суроғаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои мобилӣ, почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дохили ҳизбии ин сиёсатмадоронро дар бар мегирифт.

Аз ин лиҳоз, кишвари моро низ зарураст, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии давлат ҳамкори ҳорочи дар сиғаи бисёр ҷониба дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшад, зеро дар шароити пуртазодизамони муосир ҳеҷ як кишвари дунё дар танҳоӣамниятихудро таъмин карда наметавонад.
Фирӯзи Рамазон, таҳлилгари Раёсати моляии ВМКБ

Комментарии (0)

Оставить комментарий