НАРХИ ГӮШТ ҚИММАТ ШУДУ ЧОРВОДУЗДОН “ФАЪОЛ” ШУДАНД
15.08.2019 шаҳрванд Бобоева Шодигул Абдуллохоновна 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Б.Бурунов, деҳ. Гирдбод х.1 ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки шаби 29 ба 30.07.2019 сол тахминан соатҳои 24 ба 01.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 4-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 13.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Авазов Бахтиёр Рустамович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Симиганҷ, деҳ. Тангаӣ, Холиқов Толибҷон Темурович 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Розиқ, кӯч. Зарафшон ва Муҳиддинов Холназар Шералиевич 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Розиқ, деҳ. Яккатол, пеш бо моддаи 248 қ.3 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуданд.
Инчунин, номбурдагон шаби 09.08.2019 сол бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Исмоилов Тоҳир Зиёвиддинович 1962 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Розиқ, деҳ. Кофиён 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 11.900-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
15.08.2019 шаҳрванд Раҳимов Шариф Авлиёевич 1990 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷоб, деҳ. Сайроб ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки шаби 14.08.2019 сол тахминан соати 03.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи х/д ба номи “Маҳина”, воқеъ дар ҷ/д Панҷоб, 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 13.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)