< Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия

Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия
Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия «ТИКА» бинои як маркази дармонӣ дар ноҳияи Рудакии Тоҷикистонро бозсозӣ кард

 Ба гузориши хабаргузории parstoday, ин марказ танҳо маркази дармонӣ дар рустои 10 ҳазорнафараи Арбобхотун аст ва 9 пизишк ва 12 парастор дар он кор мекунанд.

Хадамоти дандонпизишкӣ, бемориҳои занон ва дохилӣ дар ин марказ ироа мешавад. Ҳадафи бунёди “ТИКА”-и Туркия аз ин иқдом, афзоиши сатҳи фаъолияти маркази мазкур ва хидматрасонии беҳтар ба мардум аст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Ширкати чинии Ntusoft Mtdical Corporation эълон намуда буд, ки тасмим дорад дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои пизишкӣ бунёд намояд.

ширкати чинӣ таъкид намудааст, ки сохтусози сохтмонҳои пизишкиро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Акси шифо” анҷом хоҳад дод.

Марказҳои пизишкии муъолиҷа ва ташхис дар пойгоҳи бемористонҳои маҳаллӣ сохта шуда бо таҷҳизоти муоссир таъмин хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий