< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 38-43 дараҷа мерасад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 38-43 дараҷа мерасад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 38-43 дараҷа мерасад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйрёбандаи бебориш мешавад.  Ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 38-43 дараҷа мерасад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий