Деҳотию шаҳрӣ чӣ қадаранду марду зан чанд? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
Теъдоди деҳотиён аз бошандагони шаҳрҳо дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст.
Гулнора Ҳасанзодда, раиси Ожонси омори Тоҷикистон, мегӯяд шумораи сокинони рустоҳо дар ҷумҳурӣ 7,1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар 73,8%-и аҳолии кишвар мебошад.
Бар асоси ҳисобҳои охир, аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад, ки 26,2%-и теъдоди умумиро ташкил медиҳад, афзуд Ҳасанзода.
Дар маҷмуъ ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон аҳолии ҷумҳурӣ ба 9,6 млн нафар баробар мебошад.
Ба гуфтаи раиси Агентӣ, дар қиёс ба рӯйхатгирии аҳолии соли 2010 шумори сокинони Тоҷикистон 2,9 млн нафар ва ё 27,7% афзудааст.
Таъкид шуд, ки бошандагони деҳот тайи даҳсолаи охир 1,5 млн нафар ва ё 28,3% зиёд гардиданд. Теъдоди сокинони шаҳр 26% ё 522 ҳазор нафар афзудаст.
Дар маҷмуъ мардон дар Тоҷикистон аз занон бештаранд. Бар асоси омор, шумораи мардон дар ҷумҳурӣ 4,9 млн ва занон 4,7 млн мебошад.
Комментарии (0)