< ҲАБСИ ДУ БАДМАСТ ДАР ПАЙИ ҶАНҶОЛ ДАР НАЗДИ БОЗОРЧАИ “ЖИЛМАССИВ” (3 АКС) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲАБСИ ДУ БАДМАСТ ДАР ПАЙИ ҶАНҶОЛ ДАР НАЗДИ БОЗОРЧАИ “ЖИЛМАССИВ” (3 АКС)

ҲАБСИ ДУ БАДМАСТ ДАР ПАЙИ ҶАНҶОЛ ДАР НАЗДИ БОЗОРЧАИ “ЖИЛМАССИВ” (3 АКС)
Милитсияи Душанбе хабар дод, ки ахиран ду сокини 38 ва 44солаи пойтахтро, ки да назди бозорчаи Жилмассив дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳолати мастӣ атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардаанд, боздошт карда, бо ҳукми додгоҳ бо ҷурми майдаавбошӣ барои даҳрӯзӣ ба ҳабсти маъмурӣ кашондаанд.
Ҳамчунин як донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи аграрӣ барои бо худ гардондани корд ва сокини 31солаи кӯчаи Спитамен барои озор додани аҳли хонаводааш ҳар кадом ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. 

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти РВКД Душанбе

Оқибати мастӣ: Ҳабси 2-нафар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Мутаассифона баъзе нафарон машруботи спиртиро аз меъёр зиёд истеъмол намуда, дар бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси озори шаҳрвандон мегарданд.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳафтаи ҷорӣ якчанд далели дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро ошкор ва нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Боев Ҳошимшо Ҳакимович, санаи таваллудаш 14.03.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегин (ДАР АКСИ АВВАЛ АЗ ТАРАФИ РОСТ), дар ҳолати мастӣ дар назди бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур, шаҳрвандону атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардааст.
Нисбати бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон проколои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Инчунин шаҳрванд Бердиев Хуршед Бобомуродович, санаи таваллудаш 05.05.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҷ.Икромӣ низ аз ҷониби кормандони милитсия барои таҳқиру дашноми шаҳрвандон боздошт гардид. Номбурда низ дар ҳолати мастӣ дар бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаааст.
Нисбати номбурда низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий