< Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон

Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон
Беш аз як миллион шаҳрвандони Афғонистон дар чанд моҳи гузашта, ки толибон бар сари қудрат омад аз марзҳои ҷануби ғарбӣ ба Эрон муҳоҷират кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ово” дар истинода ба рӯзномаи "Ню-Йорктаймс".

Тибқи иттилои манбаъ, созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ба таври тахминӣ рӯзона беш аз 5 ҳазор шаҳрванди афғон вориди Эрон мешаванд.

“Шумори зиёде аз онон рафтан ба Эронро содатарин ва танҳотарин гузина барои наҷоти ҷонашон аз гуруснагӣ ва тарс медонанд”, - навиштааст "Ню-Йорктаймс".

Мушиклоти иқтисодӣ ва бекории ба вуҷӯд омада дар пайи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон яке аз сабабҳои аслии муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба берун аз кишвар аст, ки албатта мушкилоти ҷиддиеро барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ба ҳамроҳ доштааст.

Моҳи гузашта вазири умури хориҷаи Эрон низ гуфта буд, ки беш аз 800 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз роҳҳои мухталифи қонӯнӣ ва ғайриқонӯнӣ дар пайи таҳаввулоти ахир, вориди ин кишвар шудаанд.

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки дар баробари воридшавии зиёди муҳоҷирони афғонистонӣ ба Эрон, токунӯн кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кумакеро ба Эрон барои расидагӣ ба вазъи муҳоҷирин, накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон бавижа дар хусӯси риояти ҳақи таҳсилу кори занон, ин гуруҳро ба расмияти нашинохта ва Ғарб бо бастани дороиҳои ин кишвар, шароити сахтеро барои шаҳрвандони афғон бавуҷуд овардааст.

Бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон барои раҳоӣ аз вазъияти номуносиб, тасмим гирифтаанд Ватанро тарк намоянд ва дар кишварҳои мухталиф паноҳ бубаранд


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий