< Мавсума Муинӣ: «Дар панҷ сол дар шаҳри Бӯстон 20 корхонаи нави саноатӣ ба кор андохта хоҳад шуд» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мавсума Муинӣ: «Дар панҷ сол дар шаҳри Бӯстон 20 корхонаи нави саноатӣ ба кор андохта хоҳад шуд»

Мавсума Муинӣ: «Дар панҷ сол дар шаҳри Бӯстон 20 корхонаи нави саноатӣ ба кор андохта хоҳад шуд»
Соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 4 адад корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ, шиферҳои азбестӣ, пойафзол ва гӯшти паранда машғул мебошанд. Дар ин давра дар шаҳр зиёда аз 900 адад ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис дода шудааст.Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар шаҳр пас аз ба кор андохтани 20 адад корхонаҳои нави саноатӣ 400 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавсума Муинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2021 хабар дод.

«Соли сипаришуда аз ҷониби 36 адад корхонаҳои саноатии шаҳр новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 573,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 111 фоизро (57,2 млн. сомонӣ зиёд) ташкил медиҳад,» — афзуд Мавсума Муинӣ.

Мавсума  Муинӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон ҳамчунин  иттилоъ дод, ки   бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар  шаҳр  5 муассиса дар соҳаи маориф, 6 муассиса дар соҳаи тандурустӣ, 2 адад манзили истиқоматӣ, 5 корхонаи саноатӣ, 1 бинои бахши ҳифзи муҳити зист, 1 кошонаи ҳусн, 8 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 4 майдончаи варзишӣ таъмиру навсозӣ ва сохтаву мавриди истифода қарор дода шудаанд.

«Айни замон дар ҳудуди шаҳр сохтмони 9 адад биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ, маркази хизматрасонии маишӣ, меҳмонхонаи ҳафтошёна  ва бинои маъмурии филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён дошта,  бо мақсади таъмин намудани бехатарии ҳаракати роҳҳои мошингарди кӯчаҳои шаҳр  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 23,8 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва асосӣ шуданд, ки 118,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,» — илова кард номбурда.


Сарчашма: pressa.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий