ДАРГУЗАШТИ КАЛЕМУЛЛО ҚОДИРОВ, ПАРЧАМБАРДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ДАР ШАҲРИ НЮ-ЙОРКИ АМРИКО
Калемулло Қодиров 20-уми сентябри соли 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1962 риштаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ӯ солҳои 1962-1982 ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи сиёсии Нашриёти давлатии Тоҷикистон, инструктори Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон, инструктори Комитети ҳизбии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, сардори инспексияи давлатии Вазорати маданияти Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон кор карда, солҳои 1982-1985 котиби дуюми Сафорати ИҶШС дар Афғонистон буд.
Калемулло Қодиров аз соли 1985 то 2002 дар парлумони Тоҷикистон ба ҳайси инструктори калони шӯъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олӣ ва сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Калемулло Қодиров дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки дар поёни соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, дар маросими адои савганди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Парчами Тоҷикистонро бардошт шуд. Ин парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-ум ба президент Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа кард. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.
Хизматҳои Калемулло Қодировро дар замони СССР ва баъд бо чандин медалу ифтихорномаҳои қадрдонӣ кардаанд.

Комментарии (0)