< Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед

Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
Толибон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба Афғонистонро баргардонанд. Навори муроҷиат дар вебсайти хабаргузории миллии ин кишвар "Bakhtar" нашр шудааст.

"Мо аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои бозгашти чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистон мусоидат кунанд", — гуфт Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири мудофиаи толибон рузи сешанбе зимни тамриноти қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ.

Ӯ гуфтааст, ки чархболҳо моли миллат аст ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро дар кишвари худ банд кунад.

Муҷоҳид меафзояд, ки ин кишварҳо ҳавсалаи толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд, ки амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом диҳанд.

Аз замони тасарруфи толибон дар моҳи августи соли гузашта даҳҳо халабони низомии ҳукумати пешини Афғонистон бо чархболу ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Баъдан расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни амрикоӣ ба халабонҳои афғон барои кӯчидан ба кишварҳои дигар кумак кардаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои аз кишвар хориҷшуда чӣ шудааст.

Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймоҳои низомӣ бароварда шуда буданд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.

Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекунанд, ҳавопаймоҳои ҳамлаи сабуки А-29 Super Tucano, чархболҳои UH-60 Black Hawk, чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.

Ба гуфтаи манобеъи амрикоӣ, ифшои манзараи пурраи ҳодисаи дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон рухдода ғайриимкон аст, зеро баъзе аз иттилоъот махфӣ мебошад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий