< Пешниҳоди Раҳмон: феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешниҳоди Раҳмон: феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад

Пешниҳоди Раҳмон: феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад
Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар доираи СААД, феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ таъсис дода шавад

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони давлатҳои узви СААД дар бораи феҳристи созмонҳои террористӣ гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зарур аст, ки феҳристи ягонаи созмониҳои терориистии мамнуъ дар дориаи кишварҳои СААД тартиб дода шавад.

Президенти Тоҷикистон афзуд, ки баробари тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ҳазорон аъзоёни гурӯҳҳои терористӣ амалиёти худро фаъол карданд ва ба амнияти Тоҷикистону минтақа хатар доранд.

Раҳмон қайд кард, ки ҷангиёни ДИИШ* дар қаламрави Афғонистон тақвият меёбанд ва тибқи иттилои хадамоти истихборот, ҳоло дар марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи террористӣ ҷойгир шудаанд.

Нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СААД тариқи онлайн баргузор шуд. Ин ҷаласа ба вазъияти Қазоқистон бахшида шуд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили январи соли 2022 сар зад.

Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ будааст. Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд.

Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо табдил ёфтанд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ карда шуд.

Президенти кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, ба Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ роҳбарӣ кард ва раҳбари аввали давлат Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор кард.

Қирғизистон аз боздошт шудани як шаҳрвандаш дар ошӯбҳои Қазоқистон вокуниш нишон дод 09.01.2022

Илова бар ин, бо дархости Тоқаев як контингенти дастаҷамъии СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.

Ин задухӯрдҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, мақомоти қудратӣ ба боздошти аъзоёни гуруҳҳои террористӣ идома медиҳанд. Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар кишвар ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

То 9 январ 508 нафар иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт шудаанд. 22 адад аслиҳаи оташфишон ва 1412 дона тир мусодира карда шуд.

Дар Қазоқистон кори кӯдакистонҳо ва мактабҳо барои кӯдакони нобино боздошта шудааст. Таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯёни коллеҷ то 24 январ тамдид карда шуд.

Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардоштанд. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

* Гуруҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Комментарии (0)

Оставить комментарий