Яке аз кишварҳо пинҳонӣ ба "Толибон"* дар мубориза бо ДИИШ* кумак мекунад
Покистон ба "Толибон"* дар мубориза бо террористони "Давлати исломӣ" дар Афғонистон кумак мекунад. Дар ин бора Washington Post бо истинод ба намояндагони радикалҳо менависад.
Нашрия мегӯяд, Покистон "шабакаҳои ғайрирасмӣ " - и муоширатро истифода мебарад, ки тавассути он маълумоти иктишофиро ба "Толибон"* интиқол медиҳад. Ин давлат инчунин ба ҷангиён дастгирии техникӣ мерасонад.
Покистон ба ҳукумати нави Афғонистон дар пайгирии зангҳои телефонӣ ва фаъолиятҳои террористӣ дар интернет кумак мекунад.
"Покистон бародари мост ва онҳо моро аз бисёр ҷиҳатҳо, аз ҷумла тавассути табодули иттилоот ва истихборот дастгирӣ мекунанд. Агар ИМА ва тамоми ҷаҳон бо мо маълумот мубодила кунанд, мо метавонем ДИИШ-ро дар чанд рӯз мағлуб кунем", - гуфт сухангӯи "Толибон"*.
Вазорати умури хориҷии Покистон ба The Washington Post гуфтааст, ки сухан дар бораи иртиботи ғайрирасмӣ меравад, на дар бораи шарикии муқарраршуда.
Ҳамзамон, Исломобод бо "Толибон"* масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баррасӣ кард, таъкид кард вазорат.
Ба гуфти масъули Вазорати умури хориҷии Покистон, ҳамкорӣ бо Кобул дар ин самтро истисно кардан мумкин нест.
"На танҳо Покистон, балки дигар кишварҳои минтақа, аз қабили Русия ва Эрон, аз ДИИШ нигаронанд. Аз ин рӯ, дар робита ба мубориза бо терроризм, бояд дарки сатҳи минтақаӣ бошад", - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Рӯзномаи "The Washington Post" таъкид мекунад, ки ҳарос аз таҳдидҳои террористии Афғонистонро намояндагони бисёре аз давлатҳо баён мекунанд, аммо маҳз Покистон дар мубориза бо ДИИШ* кумак мекунад.
Дар айни замон Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шарики қавитари низомӣ ва иктишофӣ барқарор кунад.
Washington Post менависад. ки "Покистон ва Тоҷикистон аз мизбонии пойгоҳҳои амрикоӣ худдорӣ карданд, ки бо истифода аз он ИМА метавонад ба гурӯҳҳои террористӣ фишор орад".
Аз ин рӯ, рӯйхати давлатҳое, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба ҳамкорӣ дар ин самт умед бандад, коҳиш меёбад, гуфт Лиза Кертис, корманди собиқи Шӯрои Амнияти Миллии Кохи Сафед.
* - ташкилотҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)