< ДАҲШАТ! МОДАР ТИФЛИ НАВЗОДАШРО ФУРУХТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲШАТ! МОДАР ТИФЛИ НАВЗОДАШРО ФУРУХТ

ДАҲШАТ! МОДАР ТИФЛИ НАВЗОДАШРО ФУРУХТ
15.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Нуралиева Муҳайё Ашуралиевна 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Навобод х.69, ҳ.28 дастгир карда шуд. Номбурда, охирҳои моҳи ноябри соли 2018 ҳангоми ҳомиладориаш ба воситаи сомонаҳои интернетӣ бо шаҳрванд Маниёзова Башира Абдукадировна 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч.Н.Муҳаммад х.4,ҳ.36, шиносоӣ пайдо намуда, пешакӣ маслиҳати хариду фурӯши кӯдакро кардаанд. Дар ин давом шаҳрванд Маниёзова Б.Ш. бо хоҳиши шаҳрванд Нуралиева М.А. барои солим таваллуд шудани кӯдак маблағҳои пулӣ сарф менамояд. Баъдан, санаи 05.05.2019 сол шаҳрванд Нуралиева М.А. дар таваллудхонаи №1-и ш.Душанбе тифли ҷинсаш мардро таваллуд карда, пас аз таваллудхона ҷавоб шуданаш санаи 07.05.2019 сол тифли навзодашро ба шаҳрванд Маниёзова Б.А.ба маблағи 5000-сомонӣ фурӯхтааст. Дар умум барои харидорӣ намудани тифли навзодшаҳрванд Маниёзова Б.А. 25.000-сомонӣ сарф намудааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий