< Раисиҷумҳур рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълом кард ва се рӯз истироҳат дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раисиҷумҳур рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълом кард ва се рӯз истироҳат дод

Раисиҷумҳур рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълом кард ва се рӯз истироҳат дод
Дар Туркманистон ҳамасола раисиҷумҳури ин кишвар бо имзои қарори вижа рӯзи Иди Қурбонро эълом мекунад

Дар Туркманистон имсол Иди Қурбон се рӯз, 11, 12 ва 13 август таҷлил карда мешавад.

Президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин се рӯзро истироҳат эълом кардааст.

Қарори дахлдор аз ҷониби раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни сафари кориаш дар нишаст дар шаҳри Туркменбошӣ имзо шудааст. Мувофиқи ин қарор, таътили рӯзи 11 август ба рӯзи чоршанбе, 14 август гузаронида мешавад.

Ҳамаи корхонаҳо ва ширкатҳо новобаста аз шакли моликияташон вазифадор шудаанд, ин фармонро иҷро кунанд.

Дар Туркманистон ҳамасола раисиҷумҳури ин кишвар бо имзои қарори махсус рӯзи Иди Қурбонро эълом мекунад.

Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз идҳои асосии мусалмонон аст. Ин ҷашн дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда мешавад.

Дар Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи 11 август таҷлил мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий