< DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд

DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд
Интиқоли нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон ба ҳолати муқаррарӣ баргашт. Дар ин бора ширкати энергетикии маҳаллии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) хабар додааст.

Як рӯз пеш DABS хабар дода буд, ки ҷониби Ӯзбекистон интиқоли нерӯи барқро пас аз як мушкили фаннӣ қатъ кард. Дар натиҷа, интиқоли нерӯи барқ ба як қатор вилоятҳои Афғонистон қатъ шуд.

"Хушбахтона, тақрибан соати 7-и субҳи рӯзи 13 январ воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ба сатҳи муқаррарӣ баргашт", - омадааст дар изҳороти DABS.

Қаблан, ҷонибҳо дар бораи воридоти нерӯи барқ барои соли 2022 созишнома имзо карда буданд.

Мувофики созишнома ҷониби Афғонистон солона ду миллиард киловатт-соат нерӯи барқ аз Ӯзбекистон мегирад. Маблағи ин қарордод тақрибан 100 миллион долларро ташкил дод.

Нисфи нерӯи барқ ба Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ворид мешавад.

Афғонистон тақрибан системаи миллии энергетикӣ надорад ва тавлиди нерӯи барқи маҳаллӣ, ки умдатан аз нерӯи барқи обӣ тавлид мешавад, дар соли 2021 ба хушксолӣ дучор шуд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий