< Шӯрои Русия ва НАТО: гузашти мутақобил ё роҳ ба сӯи ҷанг » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шӯрои Русия ва НАТО: гузашти мутақобил ё роҳ ба сӯи ҷанг

Шӯрои Русия ва НАТО: гузашти мутақобил ё роҳ ба сӯи ҷанг
Шӯрои Русия ва НАТО боз вориди як бунбасти сиёсӣ шуданд: дар байни кишварҳо тафовутҳои бузург хеле зиёданд.
Ба гуфтаи намояндаи доимии ИМА дар НАТО, Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар музокирот бо Русия дар вазъияти "ваҳдати васеъ ва ризоият" бар хилофи талабҳои Маскав бархӯрд кард, ки ин маънои мавҷуд набудани шароити амалии гуфтушунидро дорад. Ва ин ваъда медиҳад, ки дувум (пас аз мулоқоти Русияву Амрико дар рӯзи 10 январ) давр ба бунбасти сиёсӣ хоҳад расид. Аён аст, Ғарб пурра дарк накардааст, ки Русия то чӣ андоза ҷиддӣ нияти таъмини амнияти шаҳрвандонашро дорад.
Набояд вусъати минбаъдаи НАТО, мавҷудияти қушӯнҳо, яроқи америкоӣ ва манёврҳои Пентагон дар Аврупои Шарқӣ сурат гирад, ки ин аз талаботи асосии Москва дар муколамаи ҳарбию сиёсӣ бо ИМА ва созмонҳои гибридии он (НАТО ва САҲА) аст.
Лоиҳаи шартномаи Русия дар бораи кафолатҳои амниятӣ байни Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳида муфассалтар ва сохторӣ ба назар мерасад.
Шӯрои Русия ва НАТО боз вориди як бунбасти сиёсӣ шуданд: дар байни кишварҳо тафовутҳои бузург хеле зиёданд
Ба гуфтаи намояндаи доимии ИМА дар НАТО, Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар музокирот бо Русия дар вазъияти "ваҳдати васеъ ва ризоият" бар хилофи талабҳои Маскав бархӯрд кард, ки ин маънои мавҷуд набудани шароити амалии гуфтушунидро дорад. Ва ин ваъда медиҳад, ки дувум (пас аз мулоқоти Русияву Амрико дар рӯзи 10 январ) давр ба бунбасти сиёсӣ хоҳад расид. Аён аст, Ғарб пурра дарк накардааст, ки Русия то чӣ андоза ҷиддӣ нияти таъмини амнияти шаҳрвандонашро дорад.
Набояд вусъати минбаъдаи НАТО, мавҷудияти қушӯнҳо, яроқи америкоӣ ва манёврҳои Пентагон дар Аврупои Шарқӣ сурат гирад, ки ин аз талаботи асосии Москва дар муколамаи ҳарбию сиёсӣ бо ИМА ва созмонҳои гибридии он (НАТО ва САҲА) аст.
Лоиҳаи шартномаи Русия дар бораи кафолатҳои амниятӣ байни Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳида муфассалтар ва сохторӣ ба назар мерасад.
Пас аз он ки ИМА ва НАТО аз ҳамкории созанда бо Федератсияи Русия даст кашиданд ва системаи кафолатҳои амнияти мутақобилро барои ба даст овардани манфиат ва тавсеаи минбаъдаи иттифоқ ба Шарқ (аз ҳисоби Гурҷистон ва Украина) созмон доданд, масъулияти минбаъдаи иттифоқоти ҳовадис (ташдиди низомӣ) танҳо ба уҳдаи Ғарби муттаҳид аст.

Ҷабҳаи Украина

Дар ҳолати ҷараёни манфӣ гирифтани ҳаводис, аксари кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар сафи пеши даргириҳои миёни НАТО ва Русия қарор хоҳанд гирифт, аммо пеш аз ҳама кишварҳое осеб мебинанд, ки дар онҷо мавқеъҳои зарбазанӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла кишварҳои соҳили Балтика, Лаҳистон ва Руминия, зарари бештар мебинанд.
Албатта, ба Украина ва Молдова ҳам хатар вуҷуд дорад.
Қаблан Маскав мавқеъи қатъиро баён карда буд - ҳамкориҳои Украина бо НАТО бояд маҳдуд карда шавад, ҳаракати Киев барои узвият дар созмони низомӣ бояд қатъ карда шавад.
Сиёсати дарҳои боз бояд ба хотири амнияти ҷаҳонӣ бояд баста шавад. Днепр хати сурх барои нерӯҳои ИМА ва шариконаш аст.
Аммо Вашингтон ният надорад, ки ба Украина ва дигар кишварҳо барои пайвастан ба НАТО монеъ шавад.

Низомиёни Амрико дар қаламрави Украина таҳкими нерӯҳои баҳрӣ ва дифоъи ҳавоиро идома медиҳанд, мутахассисони Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро таълим медиҳанд ва мунтазам машқҳои муштарак мегузаронанд.
Дар баробари ин Амрико омода ҳастанд ин гуна машқоро кам кунанд — ба хамин тарик, гуё қушунхои Русия дар Канада ва Мексика машкҳо анҷом медиҳанд.
Барои фаҳмидани равобити муштарак. Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов рӯзи 12 январ аз ҷониби Амрико даъват кард, ки "иқтидори низомии худро аз марзҳои Русия дур кунад" ва ба ҳамогон масъулият нишон диҳанду амнияти ҷаҳониро таъмин кунад, ки он якҷониба буда наметавонад.
Каме пештар муовини вазири хориҷаи Амрико дао умури масоили сиёсӣ Виктория Нуланд пешниҳод кард, ки Финландия ва Шветсия масъалаи шомил шудан ба НАТО-ро баррасӣ.
Маскав дар давоми си сол талош дорад, ки шиддати низомиро дар минтақаи Аврупо ва ҷахон коҳиш диҳид: бо ташаббуси худ ва ба номи дустӣ бо Ғарб ба муттахид шудани Олмон роҳ дод, артишро аз кишварҳои уви Шартномаи Варшава баровард, ва аз сӯйи дигар дар ҷиҳати пароканда кардани (соли 1991) ин блоки низомӣ, ки дар баробари НАТО ташкил шуда буд (соли 1955) иқдом кард.
Баъдан Русия пойгоҳҳои низомии худро дар Ветнам ва Куба аз байн бурд.

Аммо дӯстӣ ва ҳамсоягии нек натиҷа надод - 30 сол аст, ки Вашингтон бепарвоёна НАТО-ро ба самти шарқ мебарад. Аз ҷумла онҳо мехоҳанд Украинаро ба ин созмон узв кунанд.
Пас аз табаддулоти ҳукумати Амрико дар Киев дар соли 2014, НАТО теъдоди нерӯҳои зудамалро дар самти шарқӣ се маротиба (то 40 000 сарбоз) афзоиш дод.
Дар ин замина таърихӣ намояндаи доимии ИМА дар НАТО Ҷулиан Смит рӯзи 10 январ гуфт: "Русия воқеан, дар ду даҳсолаи охир таҳдиди аслӣ ба амнияти Аврупо буд".
Оё вақти он нарасидааст, ки ба Сергей Шойгу муроҷиат кунем?
Ба ҳар ҳол, нирӯҳои ҳавзаи низомии ғарбии Русия аз 11 январ дар тамрингоҳҳои вилоятҳои Воронеж, Белгород, Брянск ва Смоленск ба тамрини ҷангӣ шурӯъ карданд.
Дафтари матбуоти ҳавзаи низомии ғарбӣ хабар медиҳад, ки танҳо "тақрибан се ҳазор сарбози артиши Русия дар наздикии марзҳои Украина амал мекунанд, аммо на сад ҳазор.
Амрико шарҳ мехоҳад. Русия дар посух гуфт, ки ҳақ дорад худаш тасмим бигирад, ки дар куҷо нирӯҳои худро мустақар кунад ва тамринҳо дар дохили кишвар баргузор кунад.

Боварӣ ва маҷбурсозӣ

Амнияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷа аст ва Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба зудӣ ҳавопаймоҳои нави ҷангии Су-57, мушакҳои дурбурди Ярс, Авангард ва Сармат, ҳавопаймоҳои стратегии Ту-160М, киштии зериобии ҳастаии “Борей-А” ва зиёда аз 1000 адад зиреҳпӯшҳои муосир, аслиҳа, тӯп системаҳои С-400 “Триумф”, киштиҳои зериобӣ ва киштиҳои рӯизаминӣ гиранд.
Амрико ва Русия мефаҳманд, ки дар ҷанги ҳастаӣ касе пирӯз шуда наметавонад ва он бояд ҳеҷ гоҳ оғоз нашавад.
Новобаста аз он ки дар оянда чӣ мешавад, айбдоркуниҳои Амрико ва изҳороти дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар рӯҳияи: "Бо Русия набояд созише вуҷуд дошта бошад" ба музокироти созанда ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон мусоидат намекунад.
Ба ёд биёрем фирори ИМА ва НАТО аз Афғонистонро дар моҳи августи соли 2021.
Амрикоиҳо аз лиҳози технологӣ омода нестанд, ки бо Русия мубориза баранд.
Агар гуфтушунид бо Амрико, НАТО ва САҲА дар рӯзҳои 10-13 январ ба бунбаст табдил ёбад, иқтидори ҳарбӣ-техникии Русия "шариконро" маҷбур мекунад, ки ба пешниҳодҳои Маскав, ки дар рӯзи 21 аср қобилияти худро барои амал кардан борҳо исбот кардааст баргарданд.
Таҳримҳои иқтисодии зидди Русия ба Ғарб кӯмак намекунанд.
Русия ҳуқуқи соҳибихтиёрии андешидани чораҳои якҷонибаи ҳарбӣ барои ҳифзи амнияти миллиро нигоҳ медорад.
Аз ин рӯ, барои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО зарур ва мувофиқ аст, тавре Анатолий Антонов изҳор дошт, пешниҳодҳои амниятии Русияро “ҳарчи зудтар” дарк ва қабул кунанд.
Миёни НАТО ва Русия ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд дорад, аммо дар пайи мулоқоти рӯзи 12 январ онҳо кори намояндагиҳои худро дар Маскав ва Брюссел барқарор карданд.


Сарчашма:sputnik-tj.com



Комментарии (0)

Оставить комментарий