СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
СММ муайян намудааст, ки соли ҷорӣ барои наҷоти Афғонистон чӣ миқдор маблағ лозим аст.
Хадамоти матбуотии сомони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ ба 22 миллион шаҳрвандони дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳо, ки берун аз ватан қарор доранд, масраф мешавад.
Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
"Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон музди меҳнат намегиранд, миллионҳо кӯдакон аз имконияти таҳсил маҳруманд- ин гуна аст вазъият дар Афғонистони имрӯза", - омадааст дар хабар.
СММ ҳамзамон аз гарони нархи озӯқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.
"Аз сабабе, ки кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад", - .
Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ро аз даст диҳад ва бекорӣ миёни мардон ду маротиба боло рафта, ба 29 фоиз мерасад.
"Ман боисрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшонед", - гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулодаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.
Номбурда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон ҳар чӣ зудтар кумак расонда шавад, тогуруснагӣ аз байн равад ва паҳншавии маризиҳо коҳиш ёбад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)