< Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт

Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт
Президенти Қазоқистон ҳадс мезанад, ки ошӯбҳои ахир ба иқтисоди ин кишвар миллиардҳо доллар хисорот овард

Зиёни иқтисодӣ аз нооромиҳои ахири Қазоқистон метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад, изҳор дошт президенти ин кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев дар суҳбат бо раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел, ки дар шакли маҷозӣ сурат гирифта буд.

Тоқаев ҳодисаҳои фоҷиабори рухдодаро амали бесобиқаи таҷовузкорӣ ба ин давлат номид.

Ба таъкиди ӯ, амалҳои хушунатомези террористон боиси кушта шудани теъдоди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин мардуми осоишта гардид.

Ба ҳисоби президент дар беназмиҳо ахир тақрибан 1300 корхона осеб дида, беш аз 100 маркази савдо ва бонкҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Инчунин 500 мошини кормандони милиса пурра сӯхта нобуд шудааст.

"Зарари пешакии иқтисодӣ ба давлат метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад", - тахмин зад Тоқаев.

Роҳбари Қазоқистон бар ин бовар аст, ки дар ошӯбҳо ҷангҷӯёни хориҷӣ, асосан аз кишварҳои ОсиёиМарказӣ, аз ҷумла афғонистон ва аз Ховари Миёна ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 январ сарони кишварҳои узви СААД дар робита ба вазъи феълии Қазоқистон нишасти ғайринавбатӣ баргузор намуданд, ки дар ҷараёни он президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳод ироа намуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла пешниҳод кард, ки барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон як “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон эҷод шавад.

Роҳбари давлат ҳамчунин қайд кард, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.

Ноамниҳо дар Қазоқистон рӯзи 5 январ дар пайи гарон шудани арзиши гази моеъ сар зад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар ошӯбҳои ин кишвар дасти кам 164 нафар кушта шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий