Қазоқистон аз ошӯбҳои ахир 210 миллион доллар зарар дид
Маблағи хисорот аз ошӯбҳо дар Қазоқистон то субҳи рӯзи якшанбе тақрибан ба 212 миллион доллар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони ин кишвар "Атамекен".
То шоми шанбе ҳаҷми хисорот аз ошӯбҳо дар кишвар тақрибан ба 203 миллион доллар расид. Дар даҳ минтақаи кишвар 920 субъекти соҳибкорӣ ва 1091 объект, аз ҷумла 856 субъект ва 1027 иншоот дар Алмаато зарар дидаанд.
“Маблағи умумии хисорот, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, беш аз 92,3 миллиард тенге (дар Алмаато – 90,7 миллиард тенге) ҳисоб шудааст", - омадааст дар хабар.
Шарҳ дода мешавад, ки дар даҳ минтақаи ҷумҳурӣ 1181 субъекти соҳибкории зарардида ва 1351 объект муайян карда шудааст, ки 935 субъект ва 1091 объект дар Алмаато мебошанд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Субҳи 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои Амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои Амният таҳти раҳбарии ӯ вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфтааст, ки аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи 7 январ Тоқаев эълон кард, ки террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин, президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)