< Толибон боздошти устод Ҷалолро тасдиқ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Толибон боздошти устод Ҷалолро тасдиқ карданд

Толибон боздошти устод Ҷалолро тасдиқ карданд
Толибон расман тасдиқ намуданд, ки профессори Донишгоҳи Кобул, Файзулло Ҷалолро боздошт намуданд.

Сухангӯи толибон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар Твитер навиштааст, ки "як инсони мутаасиб бо номи Ҷалол" боздошт шудааст.

 Муҳоҷид устод Ҷалолро барои таҳрики мардум алайҳи низоми мавҷуда дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 январ, афроди мусаллаҳ, Файзулло Ҷалол, устоди донишгоҳи Қобулро бо худ ба ҷойи номаълум бурданд.

Махса Ҷалол, духтари профессор пас аз боздошти падараш дар сафҳаи худ хоҳиш намуд, то ҳамагон овоз баланд кунанд ва падараш саломат аз дасти толибон раҳо шавад.

“Ман Махса Ҷалол ҳастам, хоҳиш мекунам садоятонро баланд кунед то падари риш сафеди ман осебе набинад, соате пеш уро бо беэҳтироми зиёд аз мо бурданд, намедонам ба кучо бурданд ва намедонам ҳоло падарам дар чӣ ҳол аст", - навишта буд ӯ.

Феълан, маълум нест, ки устод Ҷалол дар чӣ вазъияте қарор дорад ва толибон бо ӯ чӣ муносибате раво мебинанд.

Ёдрас мешавем, моҳи ноябри соли гузашта оқои Ҷалол дар як барномаи телевизионии шабакаи “TOLOnews” иштироку суханронӣ кард.

Дар ин барнома ӯ толибонро ба инҳисори қудрат ва саркӯби озодии баён муттаҳам кард ва намояндаи толибон, ки дар ин баҳс ҳамроҳ бо ӯ буд, гӯсола номид.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий