Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мулоқоти Аҳмад Масъуд бо намояндаи толибонро рад кард
Расонаи "Афғонистон интернейшнл" дар такя ба ду манбаи муътабари худ дар Машҳад ва Теҳрон навиштааст, ки сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон, Амирхон Муттақӣ бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Эрон дидор анҷом медиҳанд.
Аммо, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонсттон ин хабарҳоро рад кард.
Аҳмадӣ дар як навиштаи фейсбукӣ гуфтааст, ки ҳеҷ мулоқоте дар назар нест ва дар ин бора пасонтар баёнияе содир хоҳанд кард.
Расонаи мазкур қаблан хабар дод, ки дар ин дидор волии пешини Ҳирот ва яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷамъияти исломии Афғонистон, Муҳаммад Исмоилхон ҳам иштирок мекунад.
Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи толибон, рӯзи шанбе Амирхон Муттақӣ барои гуфтугӯ дар бораи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ бо даъвати вазорати хориҷаи Эрон вориди Теҳрон шудааст.
Аммо "Афғонистон интернейшнл" аз қавли як манбаъи дигараш мегӯяд, ки ин сафар бо дархости Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.
Ин шабака менависад, ки ҳоло Аҳмади Масъуд дар шаҳри Машҳад қарор дошта, он ҷо барои дидори хонаводааш рафтааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)