< Путин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуд

Путин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербург аз мизбон даъват намудааст, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон сафар кунад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Посухи ҷониби Русия феълан маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки нимаи моҳи сентябри соли равон сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ дар назар буд. Аммо ба далели гирифтории бархе аз

Дар мавриди сафарҳои Путин дар соли 2022 ахиран котиби матбуотии раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дар ҷадвали боздидҳои хориҷии президент феълан як сафар сабт шудааст. Нахустин сафари хориҷии Владимир Путин боздид аз Пекин хоҳад шуд, ки он ҷо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона иштирок мекунад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли 2022 баргузор мешаванд.

Дар зимн сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид намудааст, ки мулоқотҳои дигари байналмилалии Владимир Путин низ дар соли оянда дар назаранд, аммо мушахассот ироа нашудаанд.


САРЧАШМА:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий