Парлумони Эрон омодаи тақвияти равобит бо Тоҷикистон аст
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар як паёми худ дар саҳфаи Твиттер навиштааст, ки дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи порлумонӣ ва дигар заминаҳо гуфтугӯ ва табодули назар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба гуфтаи вай, оқои Қолибоф бо ишора ба иштирокоти зиёди Эрон ва Тоҷикистон, бар омодагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ барои тақвият ва тавсеаи муносиботи ду кишвар таъкид кард.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.
Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
Ёдрас мекунем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)