Путин вазъи низомии ҷаҳонро мушкил хонд
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия бояд ба такмил ва таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи худ идома диҳад, менависад РИА Новости.
Путин ин сухаронро дар нишасти васеи Вазорати дифоъ қайд кард. Ӯ гуфт, вазъи низомӣ дар ҷаҳон мушкил боқӣ мемонад.
"Рафиқони азиз, ба базаи мустаҳками солҳои охир ба вуҷуд овардашуда, ба заминаи тавонои илмию техники такя намуда, мо, албатта, бояд қувваҳои мусаллахи худро минбаъд ҳам такмил диҳем ва мустаҳкам намоем. Вазъ дар ҷаҳон ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: дар як қатор минтақаҳо низоъ афзоиш ёфтааст, маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омадаанд”, - гуфт Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати дифои Русия.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомлаӣ раҳмон низ, зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар ба мавзуи амният дахл кард.
Кишвардори тоҷикистон бо ишора ба шиддати вазъ дар минтақа барои таҳкими тавоноии артиш дастур дод.
Раҳмон таъкид намуд, ки махсусан ба қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)