Ҷабборов қасд дорад табибони муҳоҷирро баргардонад: Дар Тоҷикистон чӣ
Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки маоши кормандони бахси тандурустиро боло мебарад ва ба ҳамин усул табибоне, ки қаблан ба муҳоҷират рафтаанд, бармегардонад. Ӯ аз ин тасмимаш зимни боздод аз бемористони ноҳияи Ҷалолобод гуфт.
"Албатта, мехоҳам ҳама чизро зуд, дар як лаҳза анҷом диҳам, аммо имрӯз чунин имкон вуҷуд надорад. Дар тӯли 10 соли охир мо ба ақиб рафтем, ҳоло моро мешавад ба кӯдаке монанд кард, ки нав ба роҳ қадам мезанад, аммо моро ояндаи хуб интизор аст", - ваъда додааст Ҷабборов.
Президент ҳамчунин аз нарасидани кадрҳои тиббӣ, бахусус, нарасидани табибони оилавӣ дар деҳот ҳарф зад. Аксари онҳо ба сабаби кам будани маош ба хориҷа рафтанд.
"Ҳукумат нақша дорад, ки маошро боз ҳам бештар гардонад, то афроди аз ватан берунрафтаро баргарданд. Соли оянда дар назар аст, ки маоши кормандони бахши буҷетӣ, аз ҷумла табибон афзоиш ёбад", - афзудааст ӯ.
Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди зиёди табибони варзида ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба дигар давлатҳо кӯчиданд.
Танҳо аз ноҳияи Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафтаанд ва ҳоло ин ноҳия ба камбуди табибон рӯбарӯ шудааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)