Дар Русия шартҳои бастани марзҳо бо кишварҳои дигар гуфтанд
Раҳбари Роспотребнадзор Анна Попова гуфт, ки ситоди мубориза бо коронавирус метавонад якбора бо чанд сабаб дар бораи бастани марзҳо тасмим бигирад.
Дар ин ҳолат, сабаби асосии эҳтимолӣ афзоиши хатари эпидемиологӣ мебошад. Попова дар ин бора дар эфири шабакаи "Россия 1" хабар дод.
Ӯ аз вазъи соли 2020 ёдовар шуд, ки сафар ба дигар кишварҳо бинобар хатарҳои мавҷуда ба саломатии инсон маҳдуд буд.
Ба гуфтаи вай, вазъ то ҳол муташанниҷ аст ва коҳиши маҳдудиятҳо метавонад боиси афзоиши ин беморӣ гардад.
Қаблан раиси Роспотребнадзор гуфта буд, ки ҳоло ниҳодҳои марбута тадбирҳо, аз ҷумла барои ташкили мушоҳидаҳо бар асоси иттилоъи хадамоти марзбонӣ меандешанд.
Онҳо инчунин аломатҳои дар шиносномаҳо бударо дар бораи кишварҳое, ки хатари баланд доранд, бодиққат тафтиш мекунанд.
Илова бар ин, сардори ин ниҳод шаҳрвандони Русияро аз сафар ба таътил ба кишварҳои дигар дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав, бинобар бурузи навъи нави коронавирус ҳушдор додааст.
Ба гуфтаи ӯ, суръати паҳншавии навъи омикрон дар ҷаҳон бо асароти худ аҳолиро дар хатару даҳшат овардааст.
Ёдовар мешавем, ки ба далели кашфи навъи нави коронавирус-омикрон дар ҷануби Африқо Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро аз Африқои Ҷанубӣ, Лесото, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик ва ҳамчунин аз Мадагаскар, Танзания, Эсватини ва Ҳонконг маҳдуд кардааст. .
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)