Амрико: Пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон ҳузури “Ал-қоида”* тавсеа ёфтааст
Генерал Фрэнк Маккензи, раиси ситоди Фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико изҳод дошт, ки бо хуруҷи Амрико дар моҳи августи соли равон “Ал-қоида”* дар хоки Афғонистон андаке рушд карда ва бо хуруҷи нерӯҳои амниятии Амрико аз ин кишвар радёбии ин гурӯҳ низ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Генерали амрикоӣ ба расонаҳо гуфт, ки “Ал-қоида” талош дорад ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар созад.
"Мо эҳтимол ҳудуди як ё ду дарсад аз тавоноиҳоро дорем, ки замоне барои баррасии Афғонистон доштем. Ин метавонад таҳдиде барои Амрико бошад", - гуфт генерали амрикоӣ.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони толибон дар дидор бо мақомоти амрикоӣ дар Қатар таъйид карда буданд, ки хоки фғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд.
Дар баёнияе, ки вазорати хориҷаи Амрико пас аз ин дидор мунташир кард гуфта мешавад, "толибон бори дигар таъйид карданд, ки ба касе иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави Афғонистон барои таҳдид кишварҳои дигар истифода намоянд".
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)