< "Як ҳафта пас": кӯдакистонҳои "ТАлКо" барқ гирифтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Як ҳафта пас": кӯдакистонҳои "ТАлКо" барқ гирифтанд

"Як ҳафта пас": кӯдакистонҳои "ТАлКо" барқ гирифтанд
Онҳо бо он вуҷуд ки иншоотҳои аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим ба шумор меомаданд, як ҳафта ба ин сӯ барқ надоштанд.

Ҳабибулло Мақбулов, мудири Департаменти иттилорасонӣ ва робита бо ҷомиаи Ширкати алюминиуми тоҷик, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроди масъули ширкатҳои зертобеъи мо, 9 декабр, ба ҳузури раҳбарияти "Ширкати тақсимоти барқ" рафта, масъаларо ҳал карданд.

"Як қатор аснод талаб карданд, ба шумули ИНН, ки бурдем. Соати 3 – и ҳамин рӯз барқро доданд. Рӯзи душанбе бақия шарту шароитро баррасӣ карда, шартнома мебандем", - гуфт ӯ.

Шаш кӯдакистон ва Маркази ҷавонони "Насли наврас" ва меҳмонхонаву осоишгоҳи табобатии "Ширкент"-и "Хизматрасонии сайёҳӣ", ду ширкати зертобеъи Ширкати алюминиуми тоҷик як ҳафта ба ин сӯ барқ надоштанд.

Қаблан масъулини Ширкати алюминиуми тоҷик гуфта буданд, ки кормандони “Ширкати тақсимоти барқ” қаблан раҳбарони ин ду ширкатро огоҳ карда буданд, аммо ахириҳо дар навбати худ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд.

Сухан ҳам дар бораи қарзу шарту шароити нави созишнома мерафт. “Насли наврас” ва “Хизматрасонии сайёҳӣ” дар кору масорифи худ мустақилият доранд ва бояд расмиёт бо ҳар ҳамкори худро худ анҷом диҳанд.

Тибқи иттилои Ширкати алюминиуми тоҷик, дар кӯдакистонҳои ширкат ҳудуди ҳазор кӯдак таълиму тарбия мегиранд ва аз хизматрасониҳои меҳмонхонаву осоишгоҳи табобатии "Ширкент" даҳҳо нафар истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон гуфт, кӯдакистонҳо ва дигар корхонаҳои ширкатҳои зертобеъи "ТАлКо” буҷетӣ ба ҳисоб рафта, ба категорияи дуввуми истеъмолгарон дохил мешаванд.

Фаридун Шоинбеков, муовини ин ниҳод, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муштариён аз ҷумлаи ин категория тариф, тариқи пайвастшавӣ ва ҳатто шартномаи мутафовит доранд.

"Муқаррароти мушаххас фақат барои муштариёни категорияи аввал ҳаст, аммо муносибати байни “Ширкати тақсимоти барқ” ва ин гуна корхонаҳо тариқи шартнома ба роҳ монда мешавад. Барои ин ки ба мушкили пешомада баҳо диҳем, бояд ба шартномаи миёни онҳо руҷӯъ кунем”, - гуфт Фаридун Шоинбеков.

Кӯдакистон ва шифохонаҳо ба иншооти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дохил мешаванд, ки дар бархе кишварҳо, масалан, қатъи барқ барои онҳо ҷазои маъмурӣ ва ҷаримаро дар пай дорад.

Аммо ҳеҷ як аз ҳуқуқшинос ё масъули маорифе, ки ҳамсуҳбати мо шуданд, қонун ё дигар санади ҳуқуқиеро дар ин замина мисол оварда натавонист.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий