< Қурайшӣ: Ҷаҳон бояд бо толибон “таомули созанда” барқарор кунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қурайшӣ: Ҷаҳон бояд бо толибон “таомули созанда” барқарор кунанд

Қурайшӣ: Ҷаҳон бояд бо толибон “таомули созанда” барқарор кунанд
Вазорати умури хориҷаи Покистон бо пахши баёнияе эълом кард, ки Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷа дар ҷараёни сафараш ба Брюссел ва дидор бо Йенс Столтенберг, дабири кулли (НАТО) хостори ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо толибон шуд.

Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Покистон, дар дидори ахири Қурайшӣ ва Столтенберг таҳаввулоти ахири минтақа, равобити дуҷониба ва авзоъ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Қурайшӣ бори дигар пойбандии Покистонро барои пешбурди равобити сулҳомез ва созанда бо ҳамсояҳояш барои ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Ҷанубӣ таъкид кард.

Бар асоси ин баёния, вазири умури хориҷаи Покистон авҷ гирифтани бӯҳрони башарӣ дар Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва хостори ҳамкории созандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо толибон барои кумак ба мардуми Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвар шудааст.

Вай гуфт, ки ҳамкории ҷаҳон бо толибон барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон, густариши терроризм ва рафъи мушкили маводи мухаддир дар кишвар ногузир аст.

Покистон, ки яке аз пуштибони аслии толибон дониста


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий