Дар Лоҳур ҳарбиён бо яроқи нав "душман" - ро маҳв карданд
Низомиёни Пойгоҳи 201-уми РВБ, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, бо истифода аз пулемётҳои нави вазнини "Утес" тамрин анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.
"Барои нахустин бор низомиёни Русия дар Тоҷикистон пулемётҳои нави калибри "Утес"-ро озмоиш карданд, ки чанде қабл дар хидмати воҳидҳои мотоатаркии пойгоҳи низомии -201 ворид шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Омӯзиш барои нест кардани ҳадафҳои шартии заминӣ ва ҳавоӣ дар минтақаи махсуси муҷаҳҳазшудаи қаторкӯҳҳои Лоҳур сурат гирифт.
Ба иттилои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, тирандозҳо барои нест кардани ҳадафҳои тақлид ба мошинҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои тирпарронӣ ва ҳадафҳои аз ҳавои пастпарвози душмани шартӣ, ки дар ҳадди ниҳоии тирандозӣ пайдо мешаванд, машқ карданд.
Ба гуфтаи низомиён, дар ҷараёни набардҳои омӯзишӣ воҳидҳо вазифаҳои оташфишониро ҳал карда, ҳамчунин ҳадафҳоеро тасниф карданд, ки бояд аввал зарба зананд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар соли 2021 дар ҷараёни тамринҳои ҷангӣ ҳудуди 500 миссияи оташнишонӣ анҷом додаанд.
Дар тамринҳо аз комплексҳои ракетии чандкаратаи БМ-21 "Град", "Ураган", тупҳои 122 мм-и худгард 2S1 "Гвоздика", тупҳои 152-мм худгард 2S3 "Акация", миномети 120 мм истифода бурда шуд.
Дар пасманзари ташдиди авзоъ дар марз бо Афғонистон, Русия дар тобистону тирамоҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳо анҷом дод.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)