< Расонаҳо: мошини толибонро дар Кобул тарконданд - видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳо: мошини толибонро дар Кобул тарконданд - видео

Расонаҳо: мошини толибонро дар Кобул тарконданд - видео
Дар Кобул таркиш рух дод, ки дар паи он як мошини толибон нобуд шудааст, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон бо такя ба Aamaj News.
Гуфта мешавад, ки дар паи ин таркиш Land Cruiser - и толибонро таркондаанд.

Муовини сухангӯи толибон Аҳмадулло Восиқ мегӯяд, дар паи ин таркиш касе осеб надидааст.

То кунун масъулияти ин таркишро ягон гурӯҳи террористӣ ба уҳда нагирифтааст.

Бояд гуфт, аз моҳи сентябр то кунун, ки Афғонистон таҳти контроли толибон аст, чандин таркишҳои хунин рух дод ва масъулияти аксари онҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ* ба уҳда гирифт.

Ахиран Ҷабҳаи муқовимат дар паи задухӯрд бо толибон ба ҳисоби фармондеҳи онҳо шаш толибро кушта буд.

Дар ин муқовимат мошини Мавлавӣ Низомӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қисми сурх"-и толибон дар водии Андароб, дар минтақаи Деҳсалоҳ ба доми сарбозони Ҷабҳаи муқовимат афтод.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий