Шаҳодати Навиди Хонободӣ: Ҷабҳаи муқовимат чанд фармондеҳашро аз даст дод?
Вай соли 2009 маршал Муҳаммад Қасими Фаҳим, собиқ вазири дифоъ ва муовини раисҷумҳури Афғонистонро аз камини як гуруҳи мусаллаҳ наҷот дода буд.
Аҷмал Саидхелӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки бо ӯ хешовандӣ дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Навид ду соли қабл дар пайи як тавтиа аз сӯи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар маҳбаси Пули Чархӣ зиндонӣ ва бо забти Кобул аз сӯи толибон дар қатори дигар маҳбусон озод шуда буд.
“Тақрибан 20 рӯзи қабл толибон дубора ба суроғи ӯ, ки дар шаҳраки Ориёи Кобул зиндагӣ мекард, омада, ӯро бо худ бурда буданд. Вақте аз ӯ дарак нашуд, пайвандон ба ҷустуҷӯяш рафтанд ва аз тариқи каналҳои худ маълум карданд, ки Навидро толибҳо ба шаҳодат расонда, дар теппаи Вазир Акбархони Кобул дафн намудаанд. Қабри ӯ боз ва шахсияташро шиносоӣ карданд. Дар андомаш осори шиканҷаи шадид дида мешуд”, - гуфт Аҷмал Саидхелӣ.
Навид Сайидхелӣ, маъруф ба Навиди Хонободӣ, ҳудуди 40 сол дошта, аз қавми саидхелиҳои вилояти Парвони шимоли Кобул буд, ки дар рустои Саидхелии шаҳристони Хонободи вилояти Кундуз зиндагӣ мекард.
Ӯ аз афроди наздик ба Мавлоно Саидхелӣ, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ, ҳизби тоҷикони Афғонистон ва аз раҳбарони матраҳи муқовимати дуввуми таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд (1996-2001) ба шумор мерафт.
Мавлоно Саидхелӣ соли 2011, замоне, ки фармондеҳи пулиси вилояти Кундуз буд, дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ ба шаҳодат расид. Навиди Хонободӣ як гуруҳи 400 – нафараи хезишҳои мардумиро дар вилоятҳои Тахору Кундуз раҳбарӣ мекард ва ба қавли Аҷмал Саидхелӣ, ҳадафи ба зиндон афканда шуданаш аз сӯи ҳукумати Ғанӣ маҳор кардани ӯ ҳамчун як фармондеҳи зиддитолиб буд.
“Толибоне, ки дар Кундузу Тахор ҳузур доранд, аз ӯ зарбаи зиёд дидаанд ва ба иттилои мувассақи мо, маҳз онҳо ӯро дар Кобул пайдо карда, ба шаҳодат расондаанд”, - гуфт ӯ.
Афроди Навид Хонободӣ моҳи июли соли 2009 барои ҷон ба саломат бурдани маршал Муҳаммад Қасими Фаҳим, номзад-муовини раисҷумҳури Афғонистон дар интихоботи президентии ҳамон сол аз як камини толибон дар дуроҳии Хонобод саҳми калидӣ доштанд.
Барномаи аз миёни бурдани фармондеҳони зиддитолиб дар шимоли Афғонистон дар замони ҳукуматҳои Ҳомид Карзаю Ашраф Ғанӣ ва ба бовари огаҳони ҳол, бо пуштибонии истихбороти ғарбӣ пиёда мешуд.
Ҳадафи онҳо фароҳам сохтани замина барои густариши толибон дар шимоли Афғонистон буд, ки воқеияташро ба қудрат расидани онҳо собит кард.
Ба шумули Мавлоно Сайидхелӣ, се чеҳраи маъруфи дигар дар шимол – Муҳаммад Довуди Довуд, Шоҳҷаҳон Нурӣ ва Пиримқул, аз фармондеҳони бозмонда аз муқовимати аввали зидди толибон низ дар ин миён аз миён бурда шуданд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тайи ҷангҳои ахир дар Панҷшеру Андаробҳои вилояти Бағлон ҳудуди 15 фармондеҳи раддаи аввалу миёна ва хурди ҷабҳа, ба шумули Ҳоҷӣ Баҳлул, Вадудхон, Муҳаммад Ашраф Хусравӣ, Холид Панҷшерӣ, Сайид Бодшоҳ, Яъқуб Алихон, Имоми Нурзод ва ғайра ба шаҳодат расидаанд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)